Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Яке аз корхонаҳои бузурги минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Русия - Ҷамъияти саҳомии кушоди «Пава» ба вилояти Суғди Тоҷикистон орди навъи якум ворид месозад.

Менеҷери ширкати номбурда Даря Коритина ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ин бора зимни сафари ҳайати намояндагони вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба Олтой мувофиқа ҳосил шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд хостори воридоти орди навъи якум аз ин корхона шудааст ва рӯзҳои наздик он ба вилоят оварда мешавад. Ҳамчунин аз ин ҷо воридоти дигар зироати ғалладона ба вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 120-125 сомонӣ ва навъи дуввуми истеҳсоли Қазоқистон ё Тоҷикистон 115-120 сомониро ташкил медиҳад.