Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва таҳаввули намуди сатҳи замин дар кӯҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ: гузашта, имрӯз ва оянда» конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад. Конфронс ба 80-умин солгарди баргузории маъмурияти (экспедититсия) илмии Русияву Олмон дар кӯҳҳои Помиру Олой бахшида шудааст.

Аз Академияи улуми Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс натоиҷи таҳқиқоти илмиву амалии олимони минтақа ҷиҳати азхудкунӣ ва истифодаи захираҳои табиии минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Конфронси байнулмилалӣ аз ҷониби Донишгоҳи шаҳри Байройти Олмон бо дастгирии Вазорати умури хориҷии Олмон созмон дода мешавад.