Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон   (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда омода нестанд.

Мавсуф зикр кард, ки зимни баррасии тарзи муносибати ҳокимияти расмӣ бо ҳизб дар муддати панҷ моҳи ахир ӯ ба чунин хулоса омадааст, «ҳарчанд моҳи марти соли равон ҳизб бобати тағйироти тактика ва стратегияи фаъолияти худ ва гузаштан ба ҳамкории пурраи созанда бо ҳукумат изҳорот пахш карда буд».

Ба қавли ӯ, аз рӯзҳои нахустини таъсис ҳизб бо ҳукумат на дар фазои мухолифати оштинопазир, ки «мухолифони аз созандагӣ дури ҲСДТ чунин тасвир карданӣ мешаванд», балки дар фазои ҳамкории созанда фаъолият кардааст.

«Дар самти риояи волоияти қонун ва иҷрои бечунунчарои он, ки Конститутсияи кишвар онро тақозо мекунад, ҲСДТ ба ҳеҷ гузашту гуфтушуниде роҳ надодааст», - таъкид сохт раиси ҳизб.

Р.Зойиров зикр кард, ки тайи моҳҳои апрел-августи соли 2008 бо мақсади ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои раҳоии кишвар аз «бӯҳрони муратттаби кунунӣ» ҳизб дар мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 60 семинар, мизҳои мудаввар, мулоқоту дидор ва мубоҳисаҳои ошкор гузаронидааст.

Ба қавли ӯ, мавқеи ҳизб дар рӯйдодҳои Исфара, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), Рашт ва Кӯлоб куллан созанда буд. «Моҳи июни соли ҷорӣ маҳз барои роҳ надодан ба нақзи тартиботи ҷамъиятӣ, иғвову дасисабозӣ ва хунрезӣ ҲСДТ гирдиҳамоиро дар шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии худ гирифт, ҳарчанд ин гирдиҳамоӣ бо ташабббуси ҳизб сурат нагирифта бошад ҳам, - гуфт Р.Зойиров. - Ба туфайли он сарчашмаи ташаннуҷи вазъ ором гардида, таваҷҷӯҳи ҳукумат ба мушкилоти мубрами сиёсати минтақавӣ равона карда шуд».

Р.Зойиров изҳор дошт, ки таҷрибаи амалӣ ва тамоили рушди равандҳо дар моҳҳои апрел-августи соли 2008, муносибати ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гувоҳи онанд, ки марҳилаи нави таъқибот ва ҷорисозии маҳдудиятҳо нисбат ба ҳизб, аъзои он ва чорабиниҳои дарназардоштаи он (бахусус дар ВМКБ) зуҳур меёбад. «Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда дар асоси баробарҳуқуқӣ, риояи қонун, ошкорбаёнӣ ва шаффофият омода нестанд, ки ин дар шароити имрӯзаи рушди равандҳои идораи муштараки кишвар аз ҷониби давлат ва ҷомеа, ғайримутамарказ гардонидани идораи давлатӣ ва молия, баланд бардоштани нақш ва аҳамияти худидоракунии маҳаллӣ дастгоҳи ҳукуматиро аз таъиноти иҷтимоии он дур меандозад», - афзуд раиси ҲСДТ.