Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи IV -уми Шӯрои байнибонкии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гашт.

Дар анҷоми ҷаласа раиси Шӯрои байнибонкии СҲШ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Мукан Сабинбеков ба иштирокдорон раиси «Амонатбонк»-и ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминовро расман ҳамчун шарики нави шӯро аз Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа маросими ба имзо расидани Протоколи умумӣ ва тасдиқи Ёддошт оид ба муносибати ҳамкории Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Авруосиё доир гардид. Қарор карда шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба узвияти Бонки Авруосиё пазируфта хоҳанд шуд.