Конибодом. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд чорабиниҳои хайрияи иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ шурӯъ шуданд. Корманди масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи   вилоят Саидюсуф Афзалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иқдомоти мазкур ба муносибаи оғози соли нави хониш ва ҷашни Рӯзи иттифоқҳои касаба дар 18 шаҳру ноҳияҳо сурат мегиранд. «Бо назардошти имконоти мавҷудаи иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ мо тасмим гирифтем, ҳудуди 500 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоатро бо сарулибоси мактабӣ таъмин намоем», - гуфт ӯ.

Мавсуф мегӯяд, ки иқдоми мазкур дар доираи барномаи кӯмаки иттифоқҳои касбаи минтақавӣ ба оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад. Раиси иттифоқи касабаи Ҷамъияти саҳомии «Бодом»-и Конибодом Ориф Қосимов гуфт, имрӯз аз номи иттифоқи касаба ба 30 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ сарулибоси мактабӣ тӯҳфа карда шуд.