Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар машварати геологиву фаннӣ, ки корхонаи фаръии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Газпром» - Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» доир намуд, масоили татбиқи Созишнома оид ба усулҳои асосии баргузории корҳои иктишофӣ ва геологӣ дар майдонҳои нафту газдори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Созишнома моҳи июн дар Душанбе ба имзо расида буд.

Роҳбари шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҶСП «Зарубежнефтегаз» Иван Гоголев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар машварат роҳбарон ва коршиносони ҶСК «Газпром», ҶСП «Зарубежнефтегаз», ҶСК «Саратовнефтегеофизика», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВолгоУралНИПИгаз» ва Ҷамъияти кушоди «ВНИИГАЗ» иштирок карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, иштирокдорони машварат ба намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, вазорати энергетикаву саноат, рушди иқтисоду савдои ҷумҳурӣ, Саридораи геология, Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ ва ангишт» ва пажӯҳишгоҳи истеҳсолии «Нурофар» заминаи фанниву иқтисодии баргузории корҳои иктишофии геологиро дар майдонҳои нафту газдори Тоҷикистон муаррифӣ карданд.

Дар машварат зикр гардид, ки сарфи назар аз хавфи зиёд доштани баргузории корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ роҳбариятиҶСК «Газпром» онро маъқул шуморидааст. Ғайр аз ин дар атрофи баланд бардоштани самаранокии корҳо, истифодаи таҷрибаи илмиву амалӣ бо назардошти масоили ҳифзи муҳити зист ва ба роҳ мондани корҳои иктишофиву геологии конҳои нафту газ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон табодули назар карда шуд.  

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ   тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон танзим мегардад.

Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром» ҷиҳати баргузории корҳои геологии омӯзишӣ дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешгӯӣ мешаванд, иҷозатнома дода шуда буд.

Мутасаддии лоиҳаҳои «Газпром» дар ҶТ ҶСП «Зарубежнефтегаз» мебошад, ки моҳи апрели соли 2007 ба баргузории корҳои геологии иктишофӣ дар минтақаҳои номбурда пеш аз мӯҳлат – қабл аз таъсиси КМ шурӯъ кардааст.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли наздик «Газпром» ният дорад, на танҳо дар минтақаҳои Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Ренгон (водии Ҳисор), балки дар минтақаҳои Сариқамиш (Шаҳринав) ва ғарби мавзеи Шоҳамбарӣ низ корҳои геологии иктишофӣ гузаронад.

Маълумотнома: ҶСП «Зарубежнефтегаз» миёнаҳои соли 1998 таъсис дода шудааст. Аз оғози соли 2007 «Зарубежнефтегаз» 100% ба ҶСК «Газпром» тааллуқ дорад. «Зарубежнефтегаз» манфиатҳои «Газпром»-ро дар як қатор лоиҳаҳо оид ба иктишоф ва азхудкунии конҳои нафту газ ва бунёди иншооти саноати нафту газ дар хориҷи кишвар, дар навбати аввал, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мекунад.