Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Бонки содироту воридоти Чин Ли Жуогу дар мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бонк шартномаҳои аз ҷониби ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин баимзорасидаро ба иҷро хоҳад расонд.

Ӯ зикр намуд, ки зимни дидору мулоқот бо президенти Тоҷикистон   масоили рафти корҳо дар се лоиҳаи бузурги инвеститсионии Тоҷикистон- сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо нақби Шаҳристон ва иншооти зиддитармавӣ, ки аз ҷониби бонк сармоягузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҷониби Чин 603,5 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо кардааст, ки 133 миллион долллари амрикоии он аллакай азхуд карда шуданд», - гуфт раиси бонк ва таъкид сохт, ки зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон атрофи сохтмони якчанд нерӯгоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Чин низ ибрози назар карда шуд.