Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс - Субҳи имрӯз дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд гуфтушуниди раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо раиси Бонки рушди Чин Чен Юан ва роҳбарони департаментҳои бонки мазкур шурӯъ гардид.

Дар мулоқот кормандони ҳукумати вилоят, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» иштирок намуда, бо намояндагони Чин масоили сармоягузории лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷониби Чин ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар қаламрави вилоят таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.