Хуҷанд. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд аз тамошои шаҳрҳои Русия, ки ба ном ба «Ҳалқаҳои тилоии Русия» дохил мешаванд, ба ватан баргаштанд.

Раиси Маркази фарҳанги руси шаҳри Қайроққум Светлана Қодирова ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки толибилмон аз шаҳрҳои Маскав, Кострома, Суздал, Ярославл, Плес, Преславл-Залесский ва Ростов боздид карда, бо таърих ва ёдгориҳои фарҳангии ин шаҳрҳо аз наздик шинос шуданд.

«Хароҷоти сафарро консулгарии Русия дар Хуҷанд дар доираи барномаи «Ассалом Русия» маблағгузорӣ намуда, ба ҳайати гурӯҳ ғолибони олимпиадаҳои забони русӣ аз шаҳру ноҳияҳои Чкаловск, Қайроққум, Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров шомил гаштанд», - изҳор дошт манбаъ.

«Чунин сафарҳо анъанавӣ гашта, ҳамасола сурат мегиранд», - афзуд С.Қодирова.