Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳатйтҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Чин президенти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки боздиди давлатии кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

            Ӯ сарвари давлати Чинро дӯсти қадрдони тоҷикон номида, зикр кард, ки гуфтушуниди Душанбе мавқеи ҷонибҳоро бобати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам наздиктар сохт.

            «Айни замон сатҳи ҳамкориҳо дар ҳоли рушд аст ва мо мутмаинем, ки санадҳои имрӯз баимзорасида ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳоро мушаххастар месозанд», - гуфт Э.Раҳмон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 80 ширкатҳои чиноӣ дар соҳаҳои алоқа, сохтмон ва умури хизматрасонӣ фаъолият доранд.

            «Мо ният дорем, бо ёрии Чин дар рӯдхонаҳои дохили кишвар як қатор нерӯгоҳҳои обиву барқӣ бунёд созем ва боварӣ дорем, ки ояндаи наздик мутахассисони кишварҳо рӯйи он ба фаъолият хоҳанд пардохт», - таъкид сохт президенти Тоҷикистон.

            Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Чин ҷонибдори таҳкиму устувории минбаъдаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошанд ва изҳори умед кард, ки нишасти қарибулвуқӯъ дар Душанбе ба он мусоидат хоҳад намуд.

            Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао баён дошт, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар азхудкунии захоири минералӣ, рушди гидроэнергетика ва бахши кишоварзӣ мусоидат намояд. Ху Тсзинтао аз намояндагони ширкатҳои хусусӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар фаъолияти худро густардатар созанд.