Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон дар «Кохи Миллат» мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Сипас гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт, ки аз рӯи натиҷаҳои он сарварони кишварҳо Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Чинро дар бораи рушди минбаъдаи муносиботи ҳаҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

            Интизор меравад, ки вазирони умури хориҷии кишварҳо Барномаи ҳамкории миёни давлатҳоро дар солҳои 2008-2013 ба имзо расонанд. Ҳамчунин як қатор асноди ҳамкории байниҳукуматӣ, аз қабили Созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата ва пешгирии дасткашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, Созишномаи алоқаи байнулмилалии нақлиётӣ, Созишномаи ҳамкории ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки содироту воридоти Тоҷикистон низ ба тасвиб хоҳанд расид. Тасвиби Созишномаи ҳамкорӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Бонки рушди Чин низ дар назар аст.

Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.