Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пазируфтани Покистон ба узвияти СҲШ фаъолияти созмонро тақвият хоҳад бахшид.

«Мо СҲШ-ро чун созмони пурқувват дидан мехоҳем ва узвияти кишвари мо ба он мусоидат хоҳад кард», - изҳор дошт мусоҳиб.

Сиёсатмадори покистонӣ изҳори умед кард, ки дар нишасти Душанбе шарту усулҳои пазируфтан ба узвияти созмон мушаххас карда хоҳанд шуд.