Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дувуми имрӯз сарони кишварҳои кишварҳои Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев, Эрон - Маҳмуд Аҳмадинажод, Ӯзбекистон - Ислом Каримов, Русия - Дмитрий Медведев ва ҳайати Ҳиндустон таҳти роҳбарии вазири нафт ва гази кишвар Мурли Деор ба Душанбе омаданд.

Дар фурудгоҳи пойтахт меҳмононро сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ин дақиқаҳо ташрифи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.

Тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, шоми имрӯз дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон «Варзоб» мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони давлатҳо баргузор мегардад.