Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергнетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии « Yunnan Phosphate Chemical Group Co ., LTD » ба имзо расид.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷонибҳо омодагии худро бобати амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои рушди саноати кимиёвӣ, истихроҷ ва коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон изҳор намуданд.

«Ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли селитраи аммиакӣ дар асоси усулҳои сарфакоронаи техникиву иқтисодӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушоди «Химзавод» ба мувофиқа расиданд», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки тибқи Ёддошт вазорат дар ташкил ва бақайдгирии корхонаи муштарак мувофиқи тартиботи муқарраршуда мусоидат хоҳад кард.