Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«ozodi.org» - Дмитрий Медведев, президенти Русия гуфт, мутмаин аст, ки мавқеъи аъзои СҲШ дар қиболи ҳаводиси ахир дар Қафқоз вокуниши байнулмилал ӣ ба бор хоҳад овард.

Дмитрий Медведев зикр кард, ки талошҳои бо роҳҳои з ӯ р ӣ ҳал кардани мушкилот феълан низ идома дорад ва Гур ҷ истонро ба ҳайси намуна овард.

Сарвари давлат Русия ҳамчунин ба ташдиди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм таъкид кард.  

Президенти Русия талоши бархе аз кишварҳо барои узвият дар СҲШ-ро нишони аҳаммияти бештар касб кардани СҲШ дар саҳнаи ҷ аҳон ӣ номид.

Иштирокдорони нишатс қарор карданд, ки раҳбарии давраии СҲШ соли оянда бар дӯши Русия мегузарад.