Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт, ки нишасти СҲШ пурмаҳсул сурат гирифта, дар рафти он маҷмӯи васеи масъалаҳо баррасӣ шуданд.

            Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони нишаст густариши ҳамкориҳоро дар доираи созмон эътироф карда, масоили рӯзномаи ҷаласаро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор доданд ва аз фаъолияти созмон дар тӯли як сол натиҷагирӣ намуданд.

            Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки «бо мавриди амал қарор гирифтани Муоҳидаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки барои созмони минтақавӣ санади беназир аст, имконоти мусоид барои тавсиаи ҳамкориҳо фароҳам оварда мешаванд. «Акнун нақшаи самарабахши тадбирҳои муштараки амалӣ сохтани ҳар нукта ва моддаҳои онро таҳия карда қабул намудан мумкин аст», - гуфт ӯ.

            «Тайи муддати сипаригашта дар ҳамаи самтҳои ҳамкории мутақобила, аз ҷумла дар соҳаи амният, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра корҳои бузурге ба анҷом расиданд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки фаъолияти босамари ҳамарӯзаи Котиботи СҲШ, Сохтори минтақавии зиддитеррорӣ, Итттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии созмон имкон дод, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда иқдомоти назаррас сурат бигиранд.

            Э.Раҳмон чунин баён дошт: «Сарони кишварҳо натиҷаҳои мусбати фаъолияти созмонро зикр намуда, зарурати ҷалби бештари кишварҳои нозири созмонро дар барррасии масоили матраҳшудаи созмон таъкид сохтанд. Чунин иқдом самаранокии фаъолияти моро афзун месозад». Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки иштирокдорони ҷаласа масоили ҷараёни равандҳои минтақавиро муфассал муҳокима намуда,   масъалаҳои мушкилоти глобалӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, амнияти энергетикиву ғизоиро мавриди таҳлил қарор доданд.

            «Таваҷҷӯҳи Шуморо бори дигар ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили Маркази махсуси СҲШ дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар Душанбе ҷалб карданиам, ки он ба самаранокии амалиёти муштарак дар ин самт мусоидат хоҳад кард», - гуфт Э.Раҳмон.

            «Мулоқоту гуфтушунид ва табодули афкор нишон доданд, ки тамоми кишварҳои узв, нозир ва меҳмони нишаст ҷонибдори густариши минбадаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмон мебошанд ва ин имкон медиҳад, ки ба ояндаи созмон некбинона назар андозем», - таъкид сохт сарвари давлати Тоҷикистон.