Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод пешниҳод сохт, ки ҳамаи ҳисобу китоби мутақобила миёни кишварҳои СҲШ бо арзи кишварҳои минтақа сурат гиранд. Ба назари ӯ, дар ин сурат аксари захоири арзии кишварҳо ҳифз гардида, тақвият хоҳанд ёфт.

            «Кишварҳои созмон бояд ҷиҳати таъсиси арзи ягона дар чаҳорчӯбаи муомилоти молии кишварҳои узв чораҳо андешанд», - гуфт сарвари давлати Эрон ва афзуд, ки ҳамчунин бобати ташкил кардани бонки ягонаи созмон низ бояд иқдомот сурат бигирад.

            М.Аҳмадинажод зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи роҳандозии муносиботи ҳамкории дарозмуддат дар дохили созмон таъсиси мақомоти доварӣ дар созмон низ мувофиқи мақсад аст.

            Дар суханрониаш президенти Эрон зарурати пиёда кардани муносиботи зичу густардаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки «бархе аз нерӯҳо барои рушди созанда ва мукаммали ҳамкориҳои мутақобила миёни давлатҳои созмон монеъаҳои сунъӣ эҷод мекунанд».

            Президенти Эрон ҳамчунин баён дошт, ки дар сурати ҳалли мусолиматомези вазъи ноором дар минтақа ва ҷаҳон ва мушкилоти мавҷудаи имрӯза, СҲШ имкон дорад, ки мақому нуфузи худро дар арсаи байнулмилалӣ бамаротиб баландтар созад. «СҲШ метавонад алайҳи ҳалли низоъ тавассути зӯроварӣ зиддият намояд», - гуфт ӯ.