Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-« ozodi . org » - Кишварҳои узви СҲШ аз нақши фаъоли Русия дар ҳалли низоъи Қафқоз пуштибон ӣ карданд.

Дар эъломияи муштараки онҳо таҳти унвони Эъломияи Душанбе омадааст, ташанну ҷ и авзоъ дар атрофи қазияи Осетияи Ҷ ануб ӣ нигаронии шадиди Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба бор овардааст, вале созмон хостори ҳалли мусолиматомези масоил тариқи музокирот аст.

Кишварҳои узви СҲШ бо истиқбол аз 6 меъёри ҳалли низоъи Осетияи Ҷ ануб ӣ , ки 12 августи соли равон дар Маскав қабул шуда буд, изҳор доштанд, ки нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳу ҳамкор ӣ дар ин минтақаро пуштибон ӣ мекунанд.

Эъломияи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказ ӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия – узви дигари ин созмон дар роҳандозии амалиёти низом ӣ алайҳи Гур ҷ истон ва эътирофи истиқлолияти минтақаҳои ҷ удоихоҳи он – Осетияи Ҷ ануб ӣ ва Абхозистон мавриди интиқоди кишварҳои Ғарб қарор гирифтааст.

Дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳе ҷ яке мавқеи кишварашро дар мавриди истиқлолияти Осетияи Ҷ ануб ӣ ва Абхозистон изҳор надошт, аммо Дмитрий Медведев, раис ҷ умҳури Русия мавқеъи ягонаи аъзои созмонро аз пуштибонии кишвараш як ҳушдори чидд ӣ ба Ғарб арзёб ӣ кард. Оқои Медведев гуфт, к ӯ шишҳои таъмини манофеъ тариқи з ӯ р аз с ӯ йи бархе кишварҳо идома дорад ва намунаи ин омоли ҷ инояткорона ва бемасъулиятона та ҷ овузи Гур ҷ истон алайҳи Осетияи Ҷ ануб ӣ буд. Оқои Медведев як р ӯ з қабл дар Душанбе ҳангоми мулоқот бо Ҳу Ҷ интао, раҳбари Чин аз б ӯ ҳрони Қафқоз с ӯ ҳбат карда буд. Раҳбари Чин бо изҳори нигарон ӣ аз низои Қафқоз гуфт, дар ин маврид иттилоъи коф ӣ дорад.

Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой – Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯ збакистон, Қирғизистон ва То ҷ икистон тайи эъломияи муштарак овардаанд, ки муноқишаҳои маҳалл ӣ бояд тариқи риояи бечунучарои Оинномаи СММ ҳал шаванд.