Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод изҳор дошт, ки сионизми байнулмилалӣ ва сиёсати кӯтоҳандешонаи Гурҷистон вазъи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро ноором сохтанд.

            Ба назари сарвари давлати Эрон, «агар ба таҳаввулоти сиёсии Қафқоз дахолат карда нашавад, мардуми ин минтақа дар сулҳу субот зиндагӣ хоҳанд кард».

            Дар мавриди посух ба суоли нияти узвияти Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай, М.Аҳмадинажод изҳор дошт, ки он ба нуфузи ҳарчи бештар пайдо кардани созмон марбут аст. «Эрон на барои зиддият бо Амрикову Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) узви созмон шуданӣ аст, чунки Амрикову НАТО ҳоло тамоми ҷаҳон нестанд», - таъкид сохт ӯ.