Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон шаҳрванди Афғонистонро бо 15 кило маводи мухаддир боздошт намуданд.

Муовини сардори раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин шашумин қочоқчии маводи мухаддир аз Афғонистон аст, ки кормандони умури дохилӣ дастгир кардаанд.

«Аксари қочоқчиёни маводи мухаддири Афғонистон ба қаламрави кишвари мо тавассути ноҳияҳои Шӯрообод ва Фархор ворид мешаванд ва ин кӯшишест ҷиҳати роҳи нав пайдо намудан ба воситаи ноҳияи Ҳамадонӣ», - гуфт ӯ ва афзуд, ки соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон беш аз 200 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.