Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистону Русия бобати истифодаи муштараки фурудгоҳи «Ҳисор» (Айнӣ) тавофуқ ҳосил карданд.

«Мо дар бораи истифодаи муштараки ин фурудгоҳ аз ҷониби вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ва анҷоми сохтмони як қатор иншоот дар он ҷо тавофуқ ҳосил намудем», - гуфт президенти Русия Дмитрий Медведев.

Д.Медведев изҳор дошт, ки зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, зеро айни замон «он ба имконоти мавҷуда ҷавогӯ нест».

Дар мавриди иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетики Тоҷикистон президенти Русия зикр кард, ки кишвараш дар сохтмони се лоиҳаҳо дар рӯдхонаҳои дохили Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.

«Мо дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун низ иштирок хоҳем кард ва феълан гурӯҳҳои корӣ рӯйи таҳияи санади ниҳоии ҳамкорӣ дар ин хусус кор мекунанд», - гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, сарвари давлати Русия баён дошт, ки Русия ҷиҳати корҳои иктишофӣ, ҷустуҷӯ, истиҳроҷ ва азхуд кардани конҳои газу урани Тоҷикистон омода аст, ҳамкорӣ намояд.

«Дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати истихроҷ ва истифодаи газ ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кардааст ва агар мо ба таври бояду шояд фаъолиятро дар ин самт роҳандозӣ намоем, пас 2 ё 2,5 сол Тоҷикистон соҳиби гази худӣ мешавад», - афзуд Д.Медведев