Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони хати интиқоли барқи 500 Квт-и Сангтӯда-Роғун-Қундуз-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад ба имзо расид. Зери санад вазири энергетикаи Эрон Саид Парвизи Фаттоҳ, Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон ва вазири энергетка ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ имзо гузоштанд.

Аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ширкати эронии «Мушанир» дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи кории сеҷонибаи кишварҳо заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаро таҳия хоҳанд сохт.

«Маблағгузории таҳияи заминаи иқтисодиву фанниро ширкати эронии «Тавонир» ба ӯҳда гирифта, он бояд 1-уми марти соли 2009 ба анҷом расад», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки пас аз он арзиши умумии лоиҳа ва сарчашмаҳои маблағгузории он муайян карда мешаванд.