Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-« ozodi . org » - Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш мусулмонони оламро бо наздикшавии моҳи шарифи Рамазон табрик кард. Ӯ гуфт: «Ман ва ҳамсарам Лора бо беҳтарин   таманниёт мусулмонони Амрико ва саросари оламро бо фарорасии моҳи Рамазон табрик мекунем».

Ҳамчунон президенти ИМА саҳми мусулмонони Амрико дар некӯаҳволии ин кишварро қадрдонӣ кардааст.

Имсол моҳи Рамазон 1-уми сентябр оғоз меёбад.