Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири шӯъбаи маркази ҷумҳуриявии пешгирии иммунопрофилактикии вилояти Суғд Мӯъмин Бобоҷонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки то 5-уми сентябр бояд рӯйхати тарбиятгирандагони хонаҳои ятимони вилоят, пирону барҷомондагон ва маъюбони хонаи пирон таҳия карда шаванд, то ки ба онҳо барои пешгирии гирифторӣ аз бемории илтиҳоби шуш вактсина    гузаронида шавад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамаи ятимону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, пирону барҷомондагон бо ватсина таъмин карда хоҳанд шуд. «Ду моҳ пеш дар чаҳорчӯбаи барномаи кӯмаки башардӯстонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мо ба миқдори 10 ҳазор адад вактсинаи «Пневмовакс-23» гирифтем ва он мардумро на танҳо аз бемории илтиҳоби шуш, балки аз як қатор бемориҳои дигар низ эмин нигаҳ медорад», - гуфт М.Бобоҷонов.