Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар мулоқоти дуҷониба раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва Ӯзбекистон Алишер Шайхов ба мувофиқа расиданд, ки соли 2009 мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масоили муносиботи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва имконоти густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмон СД-диски «Маълумот барои сармоягузорони хориҷӣ», ки аз маълумоти зарурӣ перомуни соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шарҳи 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иборат аст, тақдим гардид.