Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ унвонии президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Дар барқия, аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон ният дорад, барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти ҳамкорӣ кӯшишот ба харҷ дода, баҳри рушди муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилаи барои ҷонибҳо судманд аз тамоми воситаву роҳҳо истифода барад».

«Бо қаноатмандӣ таъкид месозам, ки солҳои ахир дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон тамоили рушди бемайлон ба мушоҳида мерасад, ки мулоқоту гуфтушуниди мунтазами пурсамари мо низ гувоҳи он аст», - гуфта мешавад дар барқия.