Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 172 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи аввал қадам гузоштанд.

Сардори дафтари матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шумораи мактабҳо дар ҷумҳурӣ беш аз 3,8 ҳазор адад буда, дар он тақрибан 1 млн. 600 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи Н.Нуралиев, имрӯз дар ҳамаи мактабҳо маҷлиси тантанавӣ доир гашта, чун анъана Дарси Сулҳ баргузор шуд.

Соли гузашта 177 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум рафта буданд.