Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои шомили Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қатори масоили дигар ҳамчунин қазияи Қафқоз низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар иттилоияи интишорнамуда қайд карда мешавад, ки иштирокдорони ҷаласа дар қатори баррасии масъалаҳои тамоили рушди вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, мубориза бо пешгирии таҳдидҳои замони муосир, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пешин ҳамчунин қазияи ҳуҷуми Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили тайёр кардани мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус, сӯхторнишонӣ, пешгирӣ ва наҷоти шахсони ба садама дучоргардидаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ матраҳ хоҳад гардид. «Муҳокимаи масоили тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ташаккули низоми амнияти иттилоотӣ ва лоиҳаи нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2008-2012 низ дар назар аст», - гуфта мешавад дар иттилоия.

Ёдрас мекунем, ки ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.