Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии « AVERS »-ро ҷорӣ месозад. Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки низоми мазкур соли 2005 аз ҷониби Бонки «Молия ва қарз» роҳандозӣ карда шудааст ва тавассути он интиқоли маблағҳо бо пули евро ва доллари Амрико сурат мегиранд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар низоми мазкур барои хизматрасонӣ 1,3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағи интиқолшаванда ба суратҳисоби бонк пардохт мегардад. «Низоми мазкур ба тоҷикистониён имкон медиҳад, ки маблағҳои худро аз тамоми гӯшаву канори дунё ба ватан ё баръакс аз ватан ба дигар ҷо интиқол диҳанд», - изҳор дошт манбаъ.

«Ба воситаи ин низом маблағҳо бидуни боз намудани суратҳисоб дар бонк ба ҷои дигар интиқол дода мешаванд ва дар як они воҳид маблағ соҳиби худро пайдо хоҳад кард», - зикр кард сарчашма ва афзуд, ки айни замон дар ҶСК «Агроинвестбонк» таҷҳизоти низоми мазкур насб мегардад ва рӯзҳои наздик бонк хизматрасониро бо чунин тарз ба мизоҷон пешниҳод хоҳад намуд.