Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ахири соли равон бар асари сӯхтор зарар дида буд, корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расидаанд. Танҳо баъзе корҳои ороишии сохтмонӣ ва ҷобаҷогузории мебел боқӣ мондааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар оғоз   мӯҳлати ба истифода додани иншоот то саршавии соли нави хониш ба нақша гирифта шуда буд. Акнун он ба аввали октябр мавқуф гузошта шудааст.

Зикр гардид, ки барои таъмир ва барқарорсозии бинои асосии донишгоҳ, ки қариб пурра сӯхта нобуд гардида буд, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ҳукуматҳои Туркия ва Ҳиндустон 100 ҳазор доларри амрикоӣ ҳар кадоме ва Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ 2 ҳазор долларӣ амрикоӣ кӯмак расониданд. Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эрон ваъда додаанд, ки донишгоҳро бо дастуру китобҳои таълимӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд кард.