Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.

            «Яке аз сабабҳои ба чунин иқдом даст задан камобии имсола мебошад, ки нисбат ба соли гузашта сатҳи воридшавии оби рӯдхонаҳо 15-20 фоиз коҳиш ёфтааст», - гуфт раиси ширкат.

Ба қавли Ш. Самиев, айни замон то сатҳи ниҳоӣ пур шудани об дар обанбори «Норак» боз 9 метру 40 сантиметр боқӣ мондааст ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 метру 17 сантиметр камтар аст.

«Имрӯзҳо сатҳи воридшавии об ба обанбор 900 метри мукааб дар як сония аст, ки 860 метри мукааби он барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода бурда мешавад ва воридшавии об майлони коҳиш ёфтанро дорад», - таъкид сохт Ш.Самиев.

Мавсуф зикр кард, ки бо назардошти вазъи мавҷуда ва дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри захираи бештари об дар обанбори Норак ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон ширкат қарор кардааст, аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд.

«Аз 1-уми сентябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, ба истиснои пойтахт, маркази вилояту ноҳияҳо ва шаҳрҳои саноатӣ истифодаи нерӯи барқ шабона аз соати 22.30 то 3.30 дақиқа қатъ карда мешавад», - гуфт манбаъ.

Раиси ширкат ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон то ахири моҳи август қарзи ҷумҳуриро аз истифодаи нерӯи барқ ба Ӯзбекистон пурра пардохт намудааст. «Мо бо Туркманистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистон дар фасли зимистон тавофуқ ҳосил кардем ва Ӯзбекистон низ тибқи созишномаи байниҳукуматӣ фасли зимистон моро бо нерӯи барқ таъмин месозад, ки миқдори умумии нерӯи барқи воридшаванда аз ин кишварҳо дар фасли зимистон то 1,8 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.