Кӯлоб. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Корхонаи пахтатозакунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пахтаи Кӯлоб» нархи коркарди ҳосили пунбадонаро ба андозаи 48,73 доллари амрикоӣ арзон намуд.

Аз шӯъбаи муҳосибии корхона ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат раҳбарияти корхона ба хулоса омадааст, ки ба иллати рақобати шадид бо 11 корхонаи дигар агар чорае андешида нашавад, шояд миқдори зарурии ашёи хом барои фаъолияти минбаъда ҷамъоварӣ карда нашавад. «Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки нархи коркарди он аз 198,73 то 150 доллари амрикоӣ арзон карда шавад», - изҳор дошт манбаъ.

Зикр гардид, ки агар рӯзи аввал ба корхона ҳамагӣ 6 тонна пахта супорида шуда бошад, пас баъди огоҳ шудан аз ин иқдом рӯзи дуввум аллакай 69 тоннаву 600 кило ҳосили пунбадона қабул гардид.

Ёдрас мекунем, ки кишоварзони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон соли равон ният доранд, аз майдони 41 ҳазору 350 гектар на камтар аз 79 ҳазору 350 тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намоянд.