Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи назорати шаҳрдории пойтахт таҳти раисии мири Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор шуд, аз ҳисоби намояндагони вакилони халқи шаҳр, шӯрои маҳаллаҳо, мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва намояндагони рӯҳониён комиссияҳои ҷамъиятии назорати бозорҳо ва таъмини истифодаи аҳолӣ бо барқ, газ ва об ташкил дода шаванд.

            «Кӯшишҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба танзими нархҳо дар бозорҳо дар моҳҳи шарифи Рамазон натиҷаҳои хуб ба бор оварданд», - гуфт раиси пойтахт.

            Дар шарҳи масъалаи қатъ сохтани фаъолияти бозори   «Зарнисор» дар маҳаллаи 102-уми пойтахт, М.Убайдуллоев зикр кард, ки чанде аз васоити ахбори омма ин масъаларо яктарафа шарҳ медиҳанд. «Роҷеъ ба ин масъала ҳаминро мехостам бигӯям, ки аз ҷониби соҳибони бозор замин худсарона ишғол карда шуда, инчунин як қатор қонунҳои дигар ва талаботи меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ вайрон карда шудаанд», - таъкид сохт М.Убайдуллоев.