Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раҳбарияти сохторҳои нерӯҳои марзбонӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазорати умури дохилӣ ва хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз 29-уми сентябр то 3-уми октябр дар боздиди омӯзишӣ аз сохторҳои зидди маводи мухаддири фурудгоҳҳои Аврупо иштирок хоҳанд кард. Аз Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки боздиди омӯзишӣ дар доираи барномаи Комиссияи Аврупо оид ба пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст. Намояндагони сохторҳои кишварҳои дигари минтақа низ дар ин сафар иштирок хоҳанд кард.

            Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз фурудгоҳҳои Париж ва Аврупо боздид намуда, бо таҷҳизоти санҷиш ва азназаргузаронии гумрукӣ, хадамоти махсус ва таъмини амнияти мусофирони он аз наздик ошно хоҳанд гашт.

            Аз рӯи натиҷаҳои сафар дар шаҳри Ашқобод рӯзҳои 11-12-уми ноябри соли ҷорӣ барои иштирокчиёни сафар семинари минтақавӣ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони кишварҳо атрофи масоили матраҳшуда табодули афкор намуда, аз таҷрибаи   андӯхта ба ҳамкасбони худ маълумот хоҳанд дод.