Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон дар Тоҷикистон бар асари таркиши мина 2 тан кушта ва 2 нафар захмӣ шуданд.

Сардори Маркази масоили минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои тозакунии қаламрави Тоҷикистон аз мина идома доранд. «Тайи 8 моҳ беш аз 500 ҳазор метри мураббаъ аз мина безарар гардонида шуда, зиёда аз 2 ҳазор мина ва дигар аслиҳаи ҳоло натаркида ошкор карда шудааст, - гуфт ӯ. - Айни замон ин корҳо асосан дар ноҳияҳои Дарвоз, Панҷ ва Ванҷ ҷараён доранд».

Тибқи маълумоти марказ, дар маҷмӯъ то имрӯз ҳудуди 2 млн. метри мураббаъи қаламрави ҷумҳурӣ аз мина безарар гардонида шудааст ва то соли 2010 зарур аст, боз 20 млн. метри мураббаъи қаламрави ҷумҳуриро аз он тозакорӣ сохт.

Мувофиқи Созишномаи манъ, нигаҳдорӣ, истеҳсол ва интиқоли минаҳо ва нест кардани онҳо (Конвенсияи Оттава) Тоҷикистон ӯҳдадор аст, то соли 2010 қаламрави ҷумҳуриро комилан аз минаҳо ва дигар аслиҳаи ҳоло натаркида тоза намояд.

Ёдрас мекунем, ки минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандии солҳо 90-ум гузошта шуда, то имрӯз бар асари инфиҷори онҳо беш аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.