Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Соҳаи   картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими таъмини аҳолӣ бо озуқа   шумолрида мешавад.    Дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба ҷамъоварӣ   ва захира намудани картошка машғуланд.   Соли ҷорӣ дар майдони 9626 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки айни замон дар 2830,6 гектари он картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 285,8 гектар зиёд мебошад. Тибқи нақша,   имсол бояд 212 ҳазору 931 тонна картошка истеҳсол карда шавад.

            То 22 сентябри соли ҷорӣ 60123,7 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 28,2   фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли гузашта то ҳамин давра 47366,2   тонна истеҳсол гардида буд, Имсол бошад, нисбати соли гузашта 12757,5 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 212 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 26 сентнери   зиёд мебошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.