Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид оид ба бурси ҷудонамудаи БРО ҷиҳати сохтмони дастгоҳи кушоди тақсимкунак бо изолятсияи газӣ дар НОБ-и «Норак»-ро ба анҷом расониданд.

  Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дастгоҳи мавҷуда 30 сол пеш сохта шуда, фарсудаву корношоям гардидааст. «Ғайр аз ин, дар наздикии дастгоҳ як қабати бузурги иборат аз намак воқеъ аст, ки ҳангоми барфу борон ба харобии дастгоҳ боис шуда метавонад», - изҳор дошт манбаъ.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи пешниҳодшуда ба мӯътадил сохтани ҷараёни интиқоли нерӯи барқ мусоидат карда, бонк ният дорад, ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа ба маблағи 54,77 млн. доллари амрикоӣ кӯмаки ройгон ҷудо намояд.

Манбаъ афзуд, ки баррасии лоиҳаи бурсӣ аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалисозии лоиҳа аз моҳи феврали соли оянда ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ширкати «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи ин лоиҳа хоҳад гашт.