Душанбе. 21-уми октябр - Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров мегӯяд, ки масъулони ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Хайдулло Абдуллоев, муовини раҳбари Ҳизби демократи Масъуд Собиров, имрӯз бо баргузории як нишасти хабарӣ эълом кард, ки раёсати ин ҳизб тасмим гирифтааст аз «масъулоне, ки худро раёсати ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров унвон мекунанд», ба додгоҳ шикоят бубарад.

Ба эътиқоди оқои Абдуллоев, Вазорати додгустарии Тоҷикистон танҳо ҳизби демократ ба раҳбарии Масъуд Собировро ба расмият шинохтааст ва ҳеҷ гурӯҳ дигаре ҳақ надорад худро ҳизби демократ эълом кунад.

Ҳамакнун ҷонибдорони ин ҷиноҳи ҳизб аз додгоҳ тақозо доранд, ки истифода аз номи ҳизби демократ барои ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаровро мамнӯъ созад.