Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Корманди дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Азиз Ҳайдаров зимни маърӯза дар конфронси байнулмилалии «Энергияи тоза - имконоти ҷадиди рушди сарчашмаҳои энергияҳои барқароршаванда ва алтернативӣ дар Тоҷикистон», ки субҳи имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» ба кор шурӯъ кард, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ иқдомоти ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати таҳкиму тақвияти амнияти энерегетикии кишвар дастгирӣ мекунад.

Ба қавли ӯ, соли 1990 ихроҷи газҳои буғшаванда ба фазо дар Тоҷикистон ба 24 ҳазор гигатонн баробар буд, вале бар асари бӯҳрони иқтисодӣ аз соли 1994 то имрӯз он ба 4 ҳазор гигатонн поин рафтааст. Номбурда мегӯяд, ки феълан Тоҷикистон ҳамагӣ 30 дарсади квотаи ҷудошуда барои ихроҷи газҳои буғшаванда ба фазоро истифода мебарад ва 70 дарсади квотаи боқимондаро метавонад фурӯшад.

Ба назари коршиносон, аз фурӯши ин миқдори квота Тоҷикистон ҳамасола метавонад аз 70 то 80 млн. доллари амрикоӣ даромад ба даст орад. А.Ҳайдаров афзуд, ки соли 2012 амали созишнома оид ба Протоколи Киото ба анҷом мерасад ва аз иштирокдорони конфронс даъват ба амал овард, ки аз ҳамин рӯз ба таҳия кардани тарҳи ҷадиди созишнома шурӯъ кунанд.