Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - То моҳи марти соли оянда Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта бунёд созад.

            Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор дошт, ки ин анборҳо дар вилояти Суғду Хатлон барои кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки рушди Осиё (БРО) ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) сохта мешаванд.

            Ба қавли ӯ, барои нигоҳдории маҳсулоти сертификатшуда, ки ба хориҷи кишвар бароварда мешавад, хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи ночизе - 0,1-0,5 дарсад аз арзиши умумии пахтаи коркардшударо пардохт мекунанд.

Қ.Қосимов афзуд, ки бунёди анборҳои гумрукӣ барои пардохти қарзҳо низ кӯмак хоҳад кард, зеро қаблан бинобар мавҷуд набудани анбор онҳо маҳсулоташонро дар корхонаҳои коркарди пахта нигоҳ медоштанд ва барои он ба корхона маблағи муайяне пардохт менамуданд, ки ин ба қарзи онҳо зам мегардид.