Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - «Ҳамаи шахсони калидие, ки ҷавобгӯи амнияти ҷаҳонанд, имрӯз дар дар конфронси байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Душанбе ҷамъ омаданд ва ман бар он назарам, ки худи ҳамин нукта дстоварди нахустини ин конфронс аст», - изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ва вазъи бӯҳронии Гурҷистон Пйер Морел. П.Морел боварӣ изҳор намуд, ки дар конфронси Душанбе давои табобати бемориҳое чун муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ дарёфт хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо, талошҳои ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза алайҳи қочоқи мухаддир аз Афғонистон бидуни иштироки ҳукуматҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин мушкилот натиҷаи дилхоҳ ба бор нахоҳад овард.

«Агар кишварҳои мададрасон ҷиҳати рушди иқтисоди Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамҷавори минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ надиҳанд, танҳо бо роҳандозии амалиёти низомӣ ё муҷозоти чанде аз қочоқчиён ба чизе муваффақ нахоҳанд гашт», - гуфт ӯ.