Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи минтақавии USAID дар шаҳри Душанбе барои намояндагони бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ тибқи талаботи СҶТ» ба кор шурӯъ кард.

            Тавре менеҷери минтақавии робита бо ҷомеаи лоиҳаи мазкур Василина Бражко ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семинар атрофи масоили мусоидат ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои омӯзиши дақиқи Созишнома дар бораи тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ, ки дар қатори Созишнома дар бораи кишоварзӣ ва Созишнома дар бораи моликияти зеҳнӣ яке аз созишномаҳои калидӣ барои узвият ба СҶТ маҳсуб мегардад, табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

«Соли 2001 президенти Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони ҷумҳурӣ оид ба узвияти ҳарчӣ зудтари кишвар ба созмон ибрози назар намуда, бори дигар собит сохт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба ислоҳоти заминаи қонунгузорӣ ва иқтисодӣ мувофиқи талаботи СҶТ омода аст», - гуфт коршиноси масоили тиҷорат дар соҳаи хизматрасонии лоиҳаи RTLC Ричард Селф ва афзуд, ки изҳороти мазкур қарори қатъии кишварро ҷиҳати пайвастан ба иқтисоди минтақавиву ҷаҳонӣ нишон медиҳад.