Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозори молиявии Тоҷикистон бевосита ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, вале эҳтимоли таъсири бавоситаи он аз эҳтимол дур нест.

Ба қавли ӯ, иллати аслии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи коғазҳои қимматнок ва қарздиҳии ипотекӣ мебошад. «Ба ҷумҳурии мо, ки дорои фонди заъифи бозорӣ ва низоми ипотекӣ аст, аз он нигарон будан нашояд», - гуфт ӯ.

Вазири молия зикр кард, ки ахири моҳи гузашта дар Маскав ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, маълум гардидааст, ки кишварҳои ҳамҷавор - Ӯзбекистону Қирғизистону Туркманистон низ аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳеҷ осебе надидаанд.

С.Наҷмиддинов афзуд, ки ба туфайли бозсозии сохтории 5 сол қабл гузаронидашуда ба маблағи ҳудуди 160 млн. сомонӣ, ки дар натиҷаи он 8 муассисаи қарздиҳӣ барҳам дода шуда буданд, айни замон ҷумҳурӣ низоми устувори бонкиро доро шудааст.

Барои исботи гуфтаҳои худ вазир ҳамчунин омилҳои дигареро, аз қабили устувории қурби асъори миллӣ   ва афзоиши депозитҳои бонкиро ба андозаи 75 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта низ мисол овард.