Душанбе. 24-уми октябр - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳайъатигуногуни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин даҳҳо ҳайъатҳои мухталифи Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ боздид карда, ҷиҳати роҳандозӣ ва инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла 50 санади байналмилалии дуҷониба ба имзо расид.

Тайи ин муддат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқию Демократии Алҷазоир ва Ҷумҳурии Қазоқистон боздидҳои расмӣ анҷом дода, дар мулоқотҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ дар ш. Маскав ва ш. Остона, вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар Дакар иштирок намуд. Ҳамчунин дар Ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ш. Маскав ва дар нишасти 63-и Ассамблеяи Генералии СММ дар ш. Ню-Йорк ширкат дошт.

Ташрифи расмии Президенти Украина Виктор Юшенко ва сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Гузашта аз ин, Саммити Созмони ҳамкории Шанхай бомуваффақият дар Душанбе баргузор гардида, нахустин боздиди давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Дзинтао ва ташрифи расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора аз дафтари матуботи Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.