Хуҷанд. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон дар шаҳри Хуҷанд яке аз биноҳои нахустини манзили зисти баландошёнаи муҷаҳҳаз бо системаи таъмини барқу гармӣ аз энергияи офтоб ба истифода дода мешавад.

            Тавре директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Механизатор» Зоҳирҷон Ӯрунов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, сохтмони се адад чунин биноҳо бо ҷалби сармоягузории хусусӣ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ёфтааст.

Номбурда зикр кард, ки дар ин биноҳо сокинон бо тамоми шароитҳо таъмин   карда хоҳанд шуд. «Яке аз махсусиятҳои чунин биноҳо дар он аст, ки онҳо бо системаи   таъмини барқу гармӣ аз энергияи офтоб муҷаҳҳаз карда мешаванд ва дар сурати норасоии он, сокинон бемалол аз ин сарчашмаи алтернативии истеҳсоли энергия истифода бурда метавонанд», - гуфт З.Ӯрунов.