Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфтааст, ки Тоҷикистон қарзи худро ба Русия пурра пардохтааст.

«Дар давоми 9 моҳи соли равон қарзи боқимонда ба маблағи 15 млн. доллари амрикоӣ пардохт гардид», - гуфтааст рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ. Қарзи Тоҷикистон 50 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки тибқи созишномаи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон аз соли 2004, он дар муддати якчанд сол ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» маблағгузорӣ карда шуд.

С.Наҷмиддинов ҳамчунин изҳор доштааст, ки қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон ба 1-уми октябри соли 2008 1,383 млрд долллари амрикоӣ ё худ 29,1 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.

Қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд мебошанд. Маблағи қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзноки   ба Тоҷикистон додаи ин бонкҳо ба 662 млн. доллари амрикоӣ баробар аст.