Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 63-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Маҳз 24-уми октябри соли 1945 Оинномаи созмон аз ҷониби кишварҳои Чин, Фаронса, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар мавриди амал қарор гирифт.

Муқаррароти оинномаи созмон 25-26-уми   апрели соли 1945 дар шаҳри Сан-Франтсиско дар конфронси Милали Муттаҳид оид ба таъсиси созмони байнулмилалӣ аз ҷониби намояндагони 50 кишвар таҳия гардид.

Номи «Милали Муттаҳид»-ро президенти Амрико Франклин Рузвелт пешниҳод кардааст. Ба ин муносибат шоми имрӯз дар толори СММ консерт доир мегардад.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 10 сохтори СММ фаъолият мекунанд. Дар се соли ахир СММ ба Тоҷикистон беш аз $50 млн. маблағ ҷалб сохта, аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба зинаи дигар - кӯмак ҷиҳати рушди кишвар тавассути ҳамкории зич бо ҳукумати ҷумҳурӣ гузаштааст, ки он баҳри пурсамар амалӣ гаштани барномаҳои созмон мусоидат мекунад.