Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Анҷумани III -уми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муттаҳидсозии кӯшишу талошҳои муштаракро дар муқобили таҳдиду бӯҳронҳо, терроризму ифротгароиҳои ҷаҳони имрӯза таъкид сохта, аз намояндагони парлумони Русия дархост кард, ки барои дароз кардани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия то даҳ рӯз мусоидат намоянд.

            «Дар муддати се рӯзе, ки имрӯз тибқи қонунгузорӣ иҷоза дода шудааст, шаҳрвандони мо наметавонанд, ҷойи кор пайдо карда, худро ба қайд гузоранд ва пас аз он ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил мешаванд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки то даҳ рӯз дароз кардани ин мӯҳлат мувофиқи мақсад аст.

            Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар анҷумани имрӯза ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблан имзогардида мавриди таҳлил қарор хоҳанд гирифт.