Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба таъсиси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) 60 сол пур мешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифатро табрику таҳният гуфта, сипас дар маросими ифтитоҳи бинои хобгоҳи нави донишгоҳ ширкат варзид.

            Э.Раҳмон зикр кард, ки дар давоми фаъолият донишгоҳ барои ҷумҳурӣ ҳазорон мутахассисони кордону варзидаро тайёр кардааст, ки то имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба нафъи мардум хизмат мекунанд. Қобили зикр аст, ки сарвари давлат низ хатмкунандаи ин муассисаи таълимӣ аст.

            Ба ин муносибат бо иштироки сарвари давлат дар «Кохи Ваҳдат» маҷлиси ботантана доир мегардад. Интизор меравад, ки дар он ба донишҷӯёну омӯзгорон мукофотҳои давлатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда хоҳанд шуд. Маҷлиси ботантана бо консерти   санъаткорону ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ ба анҷом мерасад.