Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳудуди 60 дарсади корҳои сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи 500 Кв «»Ҷануб-Шимол» дар зеристгоҳи шаҳри Душанбе ба анҷом расидааст.

Тавре роҳбари лоиҳаи мазкур Қурбоналӣ Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи «Регар» ба охир расида, дар зеристгоҳи шаҳри Хуҷанд 60 дарсади корҳои асосии сохтмон иҷро шуданд.

Номбурда афзуд, ки айни замон 14 такягоҳҳо миёни якдигар пайваст гардида, барои 500 такягоҳ чуқуриҳо канда шудаанд. «Корҳои бетонпӯш кардани беш аз 400 такягоҳ низ ба анҷом расиданд», - гуфт ӯ. Дар ин хати интиқоли барқ дар маҷмӯъ, ҷобаҷогузории 575 такягоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.